Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд

О
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 216

Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.

Дил гуфт: Фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш,
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.

Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ӯ пардадарӣ буд.

Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ӯро
Бо ҳусну адаб шеваи соҳибназарӣ буд.

Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд.

Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешию ӯро
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.

Авқоти хуш он буд, ки бо дӯст ба сар рафт,
Боқӣ ҳама беҳосилию бехабарӣ буд.

Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсӯс, ки он ганҷи равон раҳгузаре буд.

Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд,

Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.

Илова кардани шарҳ