Ғазали шумораи 164
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Арғавон ҷоми ақиқе ба суман хоҳад дод,
Чамши наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд.
Ин татовул, ки кашид аз ғами ҳиҷрон булбул,
То саропардаи гул наъразанон хоҳад шуд.
Гар зи масҷид ба харобот шудам, хурда магир,
Маҷлиси ваъз дароз асту замон хоҳад шуд.
Эй дил, ар ишрати имрӯз ба фардо фиканӣ,
Мояи нақди бақоро кӣ замон хоҳад шуд?
Моҳи шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ, к-ин хуршед
Аз назар то шаби иди рамазон хоҳад шуд.
Гул азиз аст, ғанимат шумаредаш суҳбат,
Ки ба боғ омад аз ин роҳу аз он хоҳад шуд.
Мутрибо, маҷлиси унс аст, ғазал хону суруд,
Чанд гӯӣ, ки чунин рафту чунон хоҳад шуд?
Ҳофиз аз баҳри ту омад суйи иқлими вуҷуд,
Қадаме неҳ ба видоъаш, ки равон хоҳад шуд.