Ғазали шумораи 188
Маро ба риндию ишқ он фузул айб кунад,
Ки эътироз бар асрори илми ғайб кунад.
Камоли сидқи муҳаббат бибин, на нақси гуноҳ,
Ки ҳар кӣ беҳунар афтад, назар ба айб кунад.
Зи атри ҳури биҳишт он нафас барояд бӯй,
Ки хоки майкадаи мо абири ҷайб кунад.
Чунон занад раҳи ислом ғамзаи соқӣ,
Ки иҷтиноб зи саҳбо магар Суҳайб* кунад.
Калиди ганҷи саодат қабули аҳли дил аст,
Мабод он ки дар ин нукта шакку райб кунад.
Шубони водии Айман гаҳе расад ба мурод,
Ки чанд сол ба ҷон хидмати Шуайб кунад.
Зи дида хун бичаконад фасонаи Ҳофиз,
Чу ёди вақти шабобу замони шайб кунад.
* Яке аз саҳобаҳои паёмбар аст, ки дар муҳоҷирати мусулмонон ба Ҳаба- ша тамоми молу милки худро вогузошту бо паёмбар ҳамсафар шуд ва шуҳрат ёфт.