Ғазали шумораи 158
Ману инкори шароб, ин чӣ ҳикоят бошад?
Ғолибан ин қадарам ақл кифоят бошад.
То ба ғоят раҳи майхона намедонистам,
В-арна мастурии мо то ба чӣ ғоят бошад.
Зоҳиду уҷбу намозу ману мастию ниёз,
То туро худ зи миён бо кӣ иноят бошад.
Зоҳид ар роҳ ба риндӣ набарад, маъзур аст,
Ишқ корест, ки мавқуфи ҳидоят бошад.
Ман, ки шабҳо раҳи тақво задаам бо дафу чанг,
Ин замон сар ба раҳ орам, чӣ ҳикоят бошад?!
Бандаи пири муғонам, ки зи ҷаҳлам бираҳонд,
Пири мо ҳар чӣ кунад айни иноят бошад.
Дӯш аз ин ғусса нахуфтам, ки рафиқе мегуфт:
«Ҳофиз ар маст бувад, ҷойи шикоят бошад».