Дӣ пири майфурӯш, ки зикраш ба хайр бод

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 100

Дӣ пири майфурӯш, ки зикраш ба хайр бод,
Гуфто: «Шароб нӯшу ғами дил бибар зи ёд!»

Гуфтам: «Ба бод медиҳадам бода ному нанг»,
Гуфто: «Қабул кун сухану ҳар чӣ бод, бод!»

Суду зиёни моя чу хоҳад шудан зи даст,
Аз баҳри ин муомала ғамгин мабошу шод.

Бодат ба даст бошад, агар дил ниҳӣ ба ҳеч,
Дар маъразе, ки тахти Сулаймон равад ба бод.

Ҳофиз, гарат зи панди ҳакимон маломат аст,
Кӯтаҳ кунем қисса, ки умрат дароз бод!

Илова кардани шарҳ