Дил саропардаи муҳаббати ӯст

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 56

Дил саропардаи муҳаббати ӯст,
Дида ойинадори талъати ӯст.

Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн,
Гарданам зери бори миннати ӯст.

Туву тӯбию мову қомати ёр,
Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст.

Гар ман олудадоманам, чӣ аҷаб,
Ҳама олам гувоҳи исмати ӯст.

Ман кӣ бошам дар он ҳарам, ки сабо
Пардадори ҳарими ҳурмати ӯст.

Бе хаёлаш мабод манзари чашм,
З-он ки ин гӯша хоси хилвати ӯст.

Ҳар гули нав, ки шуд чаманорой,
З-асари рангу бӯйи суҳбати ӯст.

Даври Маҷнун гузашту навбати мост,
Ҳар касе панҷ рӯз навбати ӯст.

Мулкати ошиқию ганҷи тараб,
Ҳар чӣ дорам, зи юмни давлати ӯст.

Ману дил гар фидо шудем, чӣ бок,
Ғараз андар миён саломати ӯст.

Фақри зоҳир мабин, ки Ҳофизро
Сина ганҷинаи муҳаббати ӯст.

Илова кардани шарҳ