Ғазали шумораи 78
Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт,
Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеч ғам надошт.
Ё Раб, магираш, арчи дили чун кабӯтарам
Афканду кушту иззати сайди ҳарам надошт.
Бар ман ҷафо зи бахти ман омад, в-агарна ёр,
Ҳошо, ки расми лутфу тариқи карам надошт.
Бо ин ҳама ҳар он ки на хорӣ кашид аз ӯ,
Ҳар ҷо, ки рафт, ҳеч касаш муҳтарам надошт.
Соқӣ, биёр бодаву бо муддаӣ бигӯй:
«Инкори мо макун, ки чунин ҷом Ҷам надошт».
Ҳар роҳрав, ки раҳ ба ҳарими дараш набурд,
Мискин бурид водию раҳ дар ҳарам надошт.
Ҳофиз, бибар ту гӯи фасоҳат, ки муддаӣ
Ҳечаш ҳунар набуду хабар низ ҳам надошт.