Ғазали шумораи 193
Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд,
Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд.
Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале
Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.
Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест,
Моҳу хуршед ҳам ин ойина мегардонанд.
Аҳди мо бо лаби шириндаҳонон баст Худо,
Мо ҳама бандаву ин қавм худовандонанд.
Муфлисонему ҳавои маю мутриб дорем,
Оҳ, агар хирқаи пашмин ба гарав настонанд.
Васфи рухсораи хуршед зи хаффош мапурс,
Ки дар он ойина соҳибназарон ҳайронанд.
Лофи ишқу гила аз ёр, зиҳӣ, лофи дурӯғ!
Ишқбозони чунин мустаҳиқи ҳиҷронанд.
Магарам чашми сиёҳи ту биёмӯзад кор,
В-арна мастурию мастӣ ҳама кас натвонанд.
Гар ба нузҳатгаҳи арвоҳ барад бӯйи ту бод,
Ақлу ҷон гавҳари ҳастӣ ба нисор афшонанд.
Зоҳид ар риндии Ҳофиз накунад фаҳм, чӣ бок,
Дев бигрезад аз он қавм, ки қуръонхонанд.
Гар шаванд огаҳ аз андешаи мо муғбачагон,
Баъд аз ин хирқаи сӯфӣ ба гарав настонанд.