Дарди моро нест дармон, алғиёс

Д
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 96

Дарди моро нест дармон, алғиёс,
Ҳаҷри моро нест поён, алғиёс!

Дину дил бурданду қасди ҷон кунанд,
Алғиёс аз ҷаври хубон, алғиёс!

Дар баҳои бӯсае ҷоне талаб
Мекунанд ин дилситонон, алғиёс!

Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон,
Эй мусулмонон, чӣ дармон, алғиёс!

Ҳамчу Ҳофиз рӯзу шаб бе хештан
Гаштаам сӯзону гирён, алғиёс!

Илова кардани шарҳ