Гавҳари махзани асрор ҳамон аст, ки буд

Г
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 213

Гавҳари махзани асрор ҳамон аст, ки буд,
Ҳуққаи меҳр бад-он муҳру нишон аст, ки буд.

Ошиқон зумраи арбоби амонат бошанд,
Лоҷарам чашми гуҳарбор ҳамон аст, ки буд.

Аз сабо пурс, ки моро ҳама шаб то дами субҳ
Бӯйи зулфи ту ҳамон мӯниси ҷон аст, ки буд.

Толиби лаълу гуҳар нест, в-агарна хуршед
Ҳамчунон дар амали маъдану кон аст, ки буд.

Куштаи ғамзаи худро ба зиёрат дарёб,
З-он ки бечора ҳамон дилнигарон аст, ки буд.

Ранги хуни дили моро, ки ниҳон медорӣ,
Ҳамчунон дар лаби лаъли ту аён аст, ки буд.

Зулфи ҳиндуи ту гуфтам, ки дигар раҳ назанад,
Солҳо рафту бад-он сирату сон аст, ки буд.

Ҳофизо, боз намо қиссаи хунобаи чашм,
Ки дар ин чашма ҳамон об равон аст, ки буд.

Илова кардани шарҳ