Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд

В
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 199

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё Раб, ин навдавлатонро бо хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд.

Ҳусни бепоёни ӯ чандон ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.

Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гӯй,
К-андар он ҷо тинати Одам мухаммар мекунанд.

Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
«Қудсиён, гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».

Илова кардани шарҳ