Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст

Б
Ҳофизи Шерозӣ

Ғазали шумораи 28

Ба ҷони хоҷаву ҳаққи қадиму аҳди дуруст,
Ки мӯниси дами субҳам дуои давлати туст.

Сиришки ман, ки зи тӯфони Нӯҳ даст бибурд,
Зи лавҳи сина наёрист нақши меҳри ту шуст.

Бикун муомилае в-ин дили шикаста бихар,
Ки бо шикастагӣ арзад ба сад ҳазор дуруст.

Забони мӯр ба Осаф дароз гашту равост,
Ки хоҷа хотами Ҷам ёва карду бознаҷуст.

Дило, тамаъ мабур аз лутфи бениҳояти дӯст,
Чу лофи ишқ задӣ, сар бибоз чобуку чуст.

Ба сидқ кӯш, ки хуршед зояд аз нафасат,
Ки аз дурӯғ сияҳрӯй гашт субҳи нахуст.

Шудам зи дасти ту шайдои кӯҳу дашту ҳанӯз
Намекунӣ ба тараҳҳум нитоқи силсила суст.

Маранҷ, Ҳофизу аз дилбарон ҳифоз маҷӯй,
Гуноҳи боғ чӣ бошад, чу ин гиёҳ наруст?

Илова кардани шарҳ