Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро

Б
Hafez Shirazi

Ғазали шумораи 6

Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро,
Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро.

Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам,
Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад, Худоро.

Мижаи сиёҳат ар кард ба хуни мо ишорат,
Зи фиреби ӯ бияндешу ғалат макун, нигоро.

Дили оламе бисӯзӣ, чу изор барфурӯзӣ,
Ту аз ин чӣ суд дорӣ, ки намекунӣ мудоро?

Ҳама шаб дар ин умедам, ки насими субҳгоҳӣ
Ба паёми ошное бинавозад ошноро.

Чӣ қиёмат аст, ҷоно, ки ба ошиқон намудӣ,
Дилу ҷон фидои рӯят, бинамо изор моро.

Ба Худо, ки ҷуръае деҳ ту ба Ҳофизи саҳархез,
Ки ба вақти субҳгоҳон асаре бувад дуоро.

Илова кардани шарҳ