Бо ту Ҷомӣ ҳаваси гашти гулистон дорад,
Лек чун ҳамраҳии сарв кунад шохи гиё?
Дар ин қисмат мунтахаби ғазалиёти шоир, донишманд ва мутафаккири асри XV Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ ба мухлисону ҳаводорони назми бегазанди форсии тоҷикӣ пешкаш мегардад.