
Ҳунар мардумӣ бошаду ростӣ,
Зи кажжӣ бувад камию костӣ.
Абулқосим Фирдавсӣ
Ҳунар мардумӣ бошаду ростӣ,
Зи кажжӣ бувад камию костӣ.
Абулқосим Фирдавсӣ
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Рӯ намеорад ба хони ҳеч кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.
Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.
Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Ба имдоди устоду ҳамкор низ
Бидонист асрори бисёр чиз.
Ҳар он, к-ӯ ба ҳар кор бинад зи пеш,
Пушаймон нагардад зи кирдори хеш.
Ба рози дил чу бикшоӣ лаби хеш,
Нахуст аз хайру шарри он бияндеш.
Ҳар ки аввал бингарад поёни кор,
Андар охир ӯ нагардад шармсор.
То ба фикрат дарун наранҷонӣ,
Накунӣ фаҳми он ба осонӣ.