
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст.
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: — Ё Раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!
Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.
Суде надиҳад насиҳатат, ай воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлӯест.
Тақдир ба азми тезгомат монад,
Рӯзӣ ба ато додани омат монад.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!
Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён.
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ,
В-ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!