Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҷалолуддини Румӣ
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҷалолуддини Румӣ
Сурати хидмат сифати мардумист,
Хидмат кардан шарафи одамист.
Ҳар он кас ки бигрезад аз коргард,
Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.
Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
То накӯбӣ гандум андар осиё,
Кай шавад ороста з-он хони мо?
Ёр шав, то ёр бинӣ беадад,
3-он ки бе ёрон бимонӣ бемадад.
Маёсой аз омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфкан дил андар гумон.
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳишт
Дар қадамгоҳи модарон бошад.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.