Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Гар падар тарбият кунад сад сол,
Нозу неъмат туро диҳад ба камол.
Наравӣ то ба хизмати устод,
Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд? …
Камолуддин Биноӣ