Ҳар ки дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.
Фаридуддин Аттор
Ҳар ки дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.
Фаридуддин Аттор
Мазан бар сари нотавон дасти зӯр,
Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр!
Ту донӣ, ки дидан беҳ аз огаҳист,
Миёни шунидан ҳамеша тиҳист.
Наёбад мурод, он ки ҷуянда нест,
Ки ҷуяндагӣ айни ёбандагист.
Чу сабру таҳаммул шавад ёри кас,
Ба некӣ муяссар шавад кори кас.
Оби ноёфта гарон бошад,
Чун биёбанд, ройгон бошад.
Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ним кирдор нест.
Хайри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст,
Ҳиммати мардро қиммати ӯст.
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Чу бар гурам бихоҳӣ дод бӯса,
Рухамро бӯса деҳ, акнун ҳамонем!
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.