
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?!
Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеч,
К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Ай турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд, қабои ту маро пераҳан ояд.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту бароӣ,
Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд.
Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.