
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро Дӯзах бувад аъроф,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф Биҳишт аст!
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро Дӯзах бувад аъроф,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф Биҳишт аст!
Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,
Барорад ба чангол чашми паланг!
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к,
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд!
Рӯзгорам бишуд ба нодонӣ,
Ман накардам, шумо ҳазар бикунед!
Дарвешу ғанӣ бандаи ин хоки даранд,
В-онон, ки ғангитаранд, муҳтоҷтаранд.
Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ,
В-гар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст.
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?!
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
Золимеро хуфта дидам нимрӯз,
Гуфтам, ин фитна-ст, хобаш бурда беҳ.
В-он, ки хобаш беҳтар аз бедорӣ аст,
Он чунон бадзиндагонӣ мурда беҳ!
Моро ба ҷаҳон хуштар аз ин як дам нест,
К-аз неку бад андешаву аз кас ғам нест!
Маҷоли сухан то набинӣ зи пеш,
Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш!