Эй, мурғи саҳар, ишқ зи парвона биёмӯз

Э
Саъдӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй, мурғи саҳар,1 ишқ зи парвона2 биёмӯз,
К-он сӯхтаро ҷон шуду овоз наёмад.
Ин муддаиён3 дар талабаш бехабаронанд,
К-онро, ки хабар шуд, хабаре боз наёмад.

Маънои калимаҳо:

1. булбул, ки саҳаргоҳон месарояд.

2. шоҳпараке, ки гирди шамъ ё равшанӣ пар мезанад.

3. даъвогарон, мағрурон.

Эй булбули саҳар, ки бомдодон суруди ишқ мехониву фарёд мекашӣ, ишқи ҳақиқӣ ва тариқи ишқварзиро аз парвона биомӯз, зеро ӯ дар роҳи ишқ сӯхтаву ҳалок мешавад ва ҷонашро аз даст медиҳад, вале шикояте надорад ва овозе намебарорад. Ҳамчунин, шахсоне, ки ҳар тараф лофи худошиносӣ мезананд ва иддао мекунанд, ки ошиқу дилбохтаи Ӯянд, дар асл аз чигунагии Худованд бехабаранд ва Ӯро дуруст нашнохтаанд, зеро ҳар кӣ дар ҳақиқат Худовандро дуруст шиносад ва ошиқу дилбохтаи Ӯ гардад, чунин лофу манн-манӣ дар миён намеандозад ва хомӯшӣ пеша месозад. (Чуноне, ки Умари Хайём низ ба ин маънӣ гуфтааст:

Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимирию нанолӣ, ишқ аст.)