
Эй кариме,1 ки аз хазонаи ғайб,2
Габру3 тарсо4 вазифахӯр5 дорӣ.
Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,
Ту, ки бо душман ин назар дорӣ?
Маънои калимаҳо:
1. бузург, бахшанда.
2. ганҷинаи ниҳонӣ (хазинаи неъматҳои Худованд).
3. бедин, дар матнҳои адабӣ гоҳо ба маънои пайрави оини зардуштӣ.
4. масеҳӣ, насронӣ.
5. рӯзихӯр, гирандаи ризқу рӯзӣ.
Эй Худованди кариму бузургвор, Ту (чунон бахшандаву якбин ҳастӣ, ки) аз ҳисоби хазинаи ғайбии худ ба тамоми инсонҳо, чӣ диндору чӣ бедин ва ё чӣ зардуштиву чӣ насронӣ (новобаста аз фикру нигоҳ ва дину оинашон,) баробару яксон ризқу рӯзӣ медиҳӣ. Чун Ту ҳатто ба бадбинону душманонат (ва нисбати онҳое, ки дини Ту ва вуҷуди Туро инкор мекунанд) чунин лутфу муҳаббат дорӣ, пас (мо имону боварии комил дорем, ки) ризқу рӯзии дӯстонатро ҳаргиз қатъ намегардонӣ ва онҳоро ҳеҷ гоҳ аз лутфу марҳамати худ бенасиб намегузорӣ. (Дар пайравӣ аз ин сухани баланди Саъдӣ низ шоири Олмонӣ Гётте дар «Девони шарқӣ» гуфтааст: «Дар зиёфати Худованд чӣ ҳаёҳуест! Дӯсту душман бар сари хоне нишастаанд.»