Шоҳиде бин, ки дар замона бизод

Ш
Мавлоно

Ғазали шумораи 346

Шоҳиде бин, ки дар замона бизод,
Буту бутхонаро ба бод бидод!

Шоҳидоне, ки дар ҷаҳон самаранд,
Кас аз эшон дигар наёрад ёд!

Аз рухи моҳи ӯ чу абр кушуд,
Ҳафт гардун зи ҳамдигар бикшод!

Ҳамчу маҳтоб шох-шох он нур
Сӯйи ҳар равзане дарун афтод.

Тобишаш чун битофт бештарак,
Ҷонҳоро бихӯрд аз бунёд!

Ҷонҳо зарра-зарра рақсон гашт
Пеши хуршеди ҷонҳо дилшод

Ҳамчу парвози Шамси Табрезӣ,
Ҷумла паррон, ки ҳар чи бодо, бод!