Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод

Ш
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!

З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.

Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.

Некбахт он касе, ки доду бихурд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахурду надод.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!

Шод буда-ст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!

Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!