Чӣ ғам девори умматро, ки дорад чун ту пуштибон

Ч
Саъдӣ
Саъдии Шерозӣ

Чӣ ғам девори умматро,1 ки дорад чун ту пуштибон,
Чӣ бок аз мавҷи баҳр онро, ки башад Нӯҳ2 киштибон?

Маънои калимаҳо:

1. пайравони як дин, мусулмонон.

2. номи яке аз Пайғамбарони бузурги илоҳӣ, ки бо киштии наҷоти худ маъруф аст.

Эй Паёмбари бузургвор, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пайравони дини ту, яъне уммати мусулмон, аз ояндаи худ тарсу ташвише надоранд, зеро ту дар Рӯзи қиёмат бо иҷозати Худованд шафоаткунанда ва пуштибони онҳо ҳастӣ (ва бахшиши гуноҳони онҳоро аз Худованди мутаъол талаб мекунӣ). Ҳолати пайравони ту мисли он мӯъминонест, ки дар замони ҳазрати Нӯҳ, алайҳиссалом, ҳангоми тӯфону обхезӣ ба киштии ӯ савор шуданд ва ба ин восита аз ғарқ гаштану ҳалок шудан наҷот ёфтанд, зеро бо қудрати Худованд киштии Нӯҳ, алайҳиссалом, ғарқнашаванда буд. (Пас, дини ислом, ки ту пешвои онӣ, мисли ҳамон киштии ҳазрати Нӯҳ, алайҳиссалом, аст, ки ҳар касе бар он нишинад, аз тӯфони ҳалокату гумроҳӣ наҷот меёбад. Зикри ҳазтари Нӯҳ, алайҳиссалом, ва киштии наҷотбахши он дар Қуръони карим, аз ҷумла, дар ояҳои 14-15 сураи «Анкабут» омадааст.)