
Чу ҷанг оварӣ1, бо касе барситез2,
Ки аз вай гузират3 бувад ё гурез4.
Маънои калимаҳо:
1. ҷанг оғоз кунӣ, биҷангӣ.
2. биҷанг, мубориза кун.
3. илоҷ, чора, роҳи ҳалл.
4. гурехтан, халосӣ.
Вақте ба ҷанг рӯ меорӣ, бо касе биҷанг, ки ё чораи ӯро дида тавонӣ (зӯрат ба ӯ бирасад) ва ё (агар зарур шавад,) аз чанги ӯ гурехта тавонӣ. (Чуноне ки машҳур аст:
Хирадманд н-андешад аз ҷанги шер,
Ту девона хонаш, нахонаш далер.)
Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез,
Ки аз вай гузират бувад ё гурез!
Саъдии Шерозӣ