Чун надорӣ камоли фазл, он беҳ

Ч
Саъдӣ

Чун надорӣ камоли фазл, он беҳ,
Ки забон дар даҳон нигаҳ дорӣ!
Одамиро забон фазиҳа кунад,
Ҷавзи бемағзро сабуксорӣ!