Хислате нест аз ҳасад бадтар,
Марди ҳосид бувад зи бад бадтар.
Камолиддини Биноӣ
Хислате нест аз ҳасад бадтар,
Марди ҳосид бувад зи бад бадтар.
Камолиддини Биноӣ
Навомӯзро мадҳу таҳсину зеҳ
Зи танбеҳу таҳдиди устод беҳ!
Хӯрад мавҷе сари мавҷи дигарро,
Вале дарё равон асту равон аст.
Нишин бо aҳли илм, эй дӯст, мудом,
Ки аз дониш беҳӣ ёбӣ саранҷом.
Ҳар ки гашт аз хӯйи бад носозгор,
Дӯстон бешак кунанд аз вай фирор.
Сарфи бекорӣ магардон рӯзгори хешро,
Пардаи рӯйи таваккул* соз кори хешро.
То даст ба иттифоқ дарҳам назанем,
Пое ба нишот бар сари ғам назанем.
Ҳар ки дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.
Мазан бар сари нотавон дасти зӯр,
Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр!
Ту донӣ, ки дидан беҳ аз огаҳист,
Миёни шунидан ҳамеша тиҳист.
Наёбад мурод, он ки ҷуянда нест,
Ки ҷуяндагӣ айни ёбандагист.