
Хештанро бузург пиндорӣ,
Рост гуфтанд: «Як ду бинад луч!»
Зуд бинӣ шикаста пешонӣ,
Ту, ки бозӣ кунӣ ба сар бо ғуч!
Хештанро бузург пиндорӣ,
Рост гуфтанд: «Як ду бинад луч!»
Зуд бинӣ шикаста пешонӣ,
Ту, ки бозӣ кунӣ ба сар бо ғуч!
Ҷангу зуроварӣ макун бо маст,
Пеши сарпанҷа дар бағал неҳ даст.
Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад,
Панҷа бо марди оҳанинчангол.
Кунад ҳаройина ғийбат ҳасуди кӯтаҳдаст,
Ки дар муқобала гунгаш бувад забони мақол.
Асири банди шикамро ду шаб нагирад хоб:
Шабе зи меъдаи сангӣ, шабе зи дилтангӣ.
Хабисро чу таъаҳҳуде куниву бинвозӣ,
Ба давлати ту гунаҳ мекунад ба анбозӣ!
Мор бар дасту мор сар бар санг,
Хираройӣ бувад қиёсу диранг!
Шарти ақл аст сабри тирандоз,
Ки чу рафт аз камон, наёяд боз!
На аҷаб, гар фурӯ равад нафасаш,
Андалебе ғуроб ҳамқафасаш!
Санги бадгавҳар агар косаи заррин бишикаст,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад!
Намедонад, ки «Оҳанги ҳиҷозӣ»
Фурӯ монад зи бонги табли ғозӣ!