
Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм,
Гирдсурин хоҳию борикмиён.
Кашкин нонат накунад орзуй,
Нони шамад хоҳӣ гирду калон!
Халлухиён хоҳию ҷаммошчашм,
Гирдсурин хоҳию борикмиён.
Кашкин нонат накунад орзуй,
Нони шамад хоҳӣ гирду калон!
Ҳар гуле пажмурда гардад з-ӯ на дер,
Марг бифшорад ҳама дар зери ған.
Яке андар даҳони Ҳақ забон аст,
Яке андар даҳони марг дандон.
Касе, ки огаҳӣ аз завқи ишқи ҷонон ёфт,
Зи хеш, ҳайф бувад, гар даме бувад огоҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ!
Ва гашта з-ин паранди сабз шохи беди бунсола
Чунон чун ашки маҳҷурон нишаста жола бар лола.
Маро имрӯз тавба суд дорад
Чунон чун дардмандонро шанӯша.
Сухани ширин аз зуфт наёрад бар,
Буз ба биҷ-биҷ ҳаргиз нашавад фарбеҳ.
Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ,
Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ.
Набиди равшан чу абри баҳман
Ба назди гулшан чаро наборӣ?!
Соқаш ба масал чу соъиди ҳуро,
Пояш ба масал чу пойи мурғобӣ?!