Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад

Ф
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад,
Чу аз ҳаловати май дилбарам лабон лесад.

Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун,
Нисоли тират агар қабзаи камон лесад.

Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.