То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.
Низомии Ганҷавӣ
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.
Низомии Ганҷавӣ
Ҳар ки даҳонбоз бувад, ғофил аст,
Ғорати ҷон асту малоли дил аст.
Шунида суханҳо фаромӯш макун,
Ки тоҷ аст бар фарқи дониш сухан.
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Сухан санҷида гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад.
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чи гӯйӣ, ҳамон бишнавӣ.
Дило, ҳаргиз манол аз тангдастӣ,
Ки ганҷи беқиёс аст тандурустӣ.
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омузу рой.
Зи осонӣ наёяд шодкомӣ,
Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.
Китоб аз даст додан сустроист,
Ки ағлаб хӯйи мардум бевафоист.