То дили дӯстон ба даст орӣ

Т
Саъдӣ

То дили дӯстон ба даст орӣ,
Бӯстони падар фурӯхта беҳ.

Пухтани деки некхоҳонро,
Ҳар чӣ рахти сарост, сӯхта беҳ!

Бо бадандеш ҳам накуӣ кун,
Даҳани саг ба луқма дӯхта беҳ.