
Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе,
Ҳасудро чӣ кунам, к-ӯ зи худ ба ранҷ-дар аст!
Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст!
Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе,
Ҳасудро чӣ кунам, к-ӯ зи худ ба ранҷ-дар аст!
Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст!
Шӯрбахтон ба орзу хоҳанд
Муқбилонро заволи неъмату ҷоҳ.
Гар набинад ба рӯз шаппара чашм,
Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?…
Ҳар кӣ фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,
Гӯ, дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш!
Бандаи ҳалқабагӯш, ар нанавозӣ, биравад,
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш!
Накунад ҷаврпеша султонӣ,
Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.
Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,
Пойдевори мулки хеш биканад!
Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,
Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.
Бо раъийят сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоҳаншоҳи одилро раъийят лашкар аст!
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст он, ки ба наздики ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро Дӯзах бувад аъроф,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф Биҳишт аст!
Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,
Барорад ба чангол чашми паланг!
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к,
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд!
Рӯзгорам бишуд ба нодонӣ,
Ман накардам, шумо ҳазар бикунед!
Дарвешу ғанӣ бандаи ин хоки даранд,
В-онон, ки ғангитаранд, муҳтоҷтаранд.
Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ,
В-гар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст.