
Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд.
Пас, чаро бастаи ӯям ҳама умр,
Агар он зулфи дуто нест каманд?!
Ба яке ҷон натавон кард суол,
К-аз лаби лаъли ту як бӯс ба чанд!
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд!