
Рӯзе агар ғаме расадат, тангдил мабош,
Рав, шукр кун, мабод ки аз бад бадтар шавад.
Ҳофизи Шерозӣ
Рӯзе агар ғаме расадат, тангдил мабош,
Рав, шукр кун, мабод ки аз бад бадтар шавад.
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст,
Бар ҳама кораш тавоноияст.
Ҳар ки кирдори бад раво бинад,
Худ зи кирдори бад ҷазо бинад.
Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ,
Ақл ҷон асту дониш аст тани ӯ.
Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал,
Нигаҳ, кун охири кораш ба аввал.
Накӯ гуфт донандаи несту ҳаст:
Маро дӯсти нек аз бародар беҳ аст.
Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест,
Оби равон бе хасу хошок нест.
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Мағрур машав ба мол чун бехабарон,
Зеро ки бувад мол чу абри гузарон.
Ҷомӣ, макун андеша зи гуфтори рақибон,
Овози сагон кам накунад ризқи гадоро.