Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён.
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон
Оре, ки чу он моҳ бувад бозаргон,
Дидор ба дил фурӯшаду бӯса ба ҷон.
Аз ҳаҷри маҳи рухи ту, ай мояи ҷон
Аз нохуни даст хаста кардам дилу ҷон,
Фарёдраси ғамат на ин буду на он.
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон
Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.
Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.
Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту,
Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!
Зулфат дидам, сар аз чамон печида
Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш,
Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида!
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гираҳ
Уммед зи гиря буд, афсӯс, афсӯс,
К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гираҳ!
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа
Ҳангомаи шаб гузашту шуд марра тамом,
Толеъ ба кафам яке наяндохт каҷа!
Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ
Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам,
Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ!
Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ,
В-ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!
Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме
Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,
К-аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме!
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!