Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст.
Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: — Ё Раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!
Чашмам зи ғамат баҳри ақиқе, ки бисуфт
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт ниҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.
Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе
Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост
Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!
Дил хаставу бастаи мусалсалмӯест
Суде надиҳад насиҳатат, ай воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлӯест.
Бе рӯйи ту Хуршеди ҷаҳонсӯз мабод
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад
В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм
Як қатраи об бар лабам кас накунад.
Чун рӯз алам зад, ба ҳусомат монад
Тақдир ба азми тезгомат монад,
Рӯзӣ ба ато додани омат монад.
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.
Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузар!
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз
Бар болинам нишину мегӯй ба ноз,
К-ай ману ту бикуштаву пушаймон шуда боз!
Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг
Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор,
Ин баски ба сар задему он баски ба санг.
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам
З-оғоз ба бӯса меҳрбон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!
Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам
Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб,
Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?!
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рӯзгори нох(в)аш моем!
Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам
Бар посухи ту чу даст бар хома ниҳам,
Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам.