На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!
Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт
Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон
Ҳар кӣ бидоду бихурд, аз он чи биялфахт?!
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ
Неки ӯро фасонаворӣ шав,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
Пешам омад бимдод он дилбар аз роҳи кадӯх
Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой,
Дод пӯшида ҷавобам: - Мӯрду анҷиру кулӯх!
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!
Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд
Хомуш кун чун нуқат, эро малак
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд!
Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд!
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод
Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад
Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад!
Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард!
Малико, ҷашни Меҳргон омад
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад!
Гул дигар раҳ ба гулситон омад
Вори озар гузашту шуълаи он,
Шуълаи лоларо замон омад!
Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд
Буд аз неъмат, он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро хурданд.
Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо
Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,
Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард!
Зулфи туро «ҷим» кӣ кард, он ки ӯ
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард.
Маро ту роҳати ҷонӣ, муъояна, на хабар
Сипар бе пеш кашидам ханданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!
Ай рӯйи ту чу рӯзи далели муваҳҳидон
Ай ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ
Мар ҳуснро муқаддам чун аз калом «қад».
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад!
То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.
Май орад шарафи мард ме падид
Басо дуни бахило, ки май бихурд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.