Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!
Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро.
Ба Ҳақ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро
Аз он ҷонтӯз лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой-андар сипоро!
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс
Чодараке дидам рангин бар ӯ,
Ранг басе гуна бар он чодаро.
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон
На позер бояд туро, на сутун,
На девори хишту на з-оҳан даро!
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро
В-ин фажаҳ пир зи баҳри ту маро хор гирифт,
Бираҳонод аз ӯ Эзиди ҷаббор маро!
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам
Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон,
Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷонро!
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро
Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ гардад офарини туро!
Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин
То андар он миёна, ки бинанд рӯйи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!
Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр
Ҳар киро рафт, ҳамебояд рафта шумарӣ,
Ҳар киро мурд, ҳамебояд мурда шумаро!
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб
Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар - он меҳтари ҳасиб.
Гули садбаргу мушку анбару себ
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ.
Ба хирасар шумарад серхурда гурснаро
Чу пусти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон,
Бидон, ки туҳмати ӯ дунбаи ба саркор (?) аст!
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст
Дониши ӯ на хубу чеҳра-ш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!
Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост!
Он саҳни чаман, ки аз дами дай
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу «Жанг» аст.
Ба саройи сипанҷ меҳмонро
Чун туро дид зард гуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност!
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак - андар тохт.
Замона панде озодвор дод маро
Замона гуфт маро: - Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!