
Писареро падар васийят кард,
К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд.
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю давлатманд!
Писареро падар васийят кард,
К-эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд.
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю давлатманд!
Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони ноҳамвор зоянд!
В-агар чилсоларо ақлу адаб нест,
Ба таҳқиқаш нашояд одамӣ хонд!
Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард,
Ба айвонҳо дар аз шангарфу зангор!
Ба даст оварданӣ дунё ҳунар нест,
Якеро, гар тавонӣ, дил ба даст ор!
Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к
Бечора хор мехураду бор мебарад!
То надонӣ, ки сухан айни савоб аст, магӯй,
В-он чӣ донӣ, ки на некуш ҷавоб аст, магӯй!
Бигзар, эй дӯст, то ба вақти баҳор
Сабза бинӣ дамида бар гили ман!
Ин ҳукму ғуруру хашм то чанд?!
Ҳаст аз ту бузургтар Худованд!
Ки фазиҳат бувад ба Рӯзи Шумор.
Банда озоду хоҷа дар занҷир!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст,
Бихӯр, бибахш, ки дунёву охират бурдӣ!