Пирмарде латиф дар Бағдод

П
Саъдӣ

Пирмарде латиф дар Бағдод
Духтаракро ба кафшдӯзе дод.

Мардаки сангдил чунон бигазид
Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид.

Бомдодон падар чунон дидаш,
Пеши домод рафту пурсидаш.

К-ай фурӯмоя, ин чӣ дандон аст?!
Чанд хойӣ лабаш, на анбон аст!

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷидд аз ӯ бардор!

Хӯйи бад дар табиате нишаст,
Надиҳад ҷуз ба вақти марг аз даст!