
Охири ҳар кас аз ду берун нест:
Ё барозурданист, ё заданист.
На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!
Охири ҳар кас аз ду берун нест:
Ё барозурданист, ё заданист.
На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!
Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон
Ҳар кӣ бидоду бихурд, аз он чи биялфахт?!
Неки ӯро фасонаворӣ шав,
Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой,
Дод пӯшида ҷавобам: - Мӯрду анҷиру кулӯх!
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!
Хомуш кун чун нуқат, эро малак
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд!
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд!
Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад!
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард!
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад!