
Он саҳни чаман, ки аз дами дай
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст,
Акнун зи баҳори монавитабъ
Пурнақшу нигор ҳамчу «Жанг» аст.1
1 Ин қитъа дар чопҳои пешин бо як байти дигар омада, ки аз нигоҳи маънӣ ба ҳам барнамехуранд ва мо онро дар қисмати абёти пароканда ҷой додем.