
Ой, дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не!
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не!
Ой, дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не!
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не!
Бибурда наргиси ту оби ҷодуи Бобил,
Кушода ғунчаи ту боби муъҷизи Мӯсо!
Ишқро гар паямбарӣ, лекин
Ҳуснро офаридгор туӣ!
Ва он куҷо бигуворид, ногувор шуда-ст
Ва он куҷо нагазойист, гашт зудгазой.
Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ!
Агар ин май ба абр-андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахурдандӣ, савоб астӣ!
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.
Андар балои сахт падид оранд
Фазлу бузургворию солорӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз то бад-он гузарӣ!
Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ!
Садри ҷаҳон, ҷаҳон ҳама торикшаб шуда-ст,
Аз баҳри мо сапедаи содиқ ҳамедамӣ!