
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат
Се пероҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар.
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат,
Севум Яъқубро аз бӯ-ш рӯшан гашт чашми тар.
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,
Насиби ман шавад дар васл он пероҳани дигар.