На моро дар миён аҳду вафо буд?!

Н
Саъдӣ

На моро дар миён аҳду вафо буд?!
Ҷафо кардиву бадаҳдӣ намудӣ!

Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки баргардӣ ба зудӣ!

Ҳанузат гар сари сулҳ аст, бозой,
К-аз он мақбултар бошӣ, ки будӣ!