
Наравад мурғ сӯи дона фароз,
Чун дигар мурғ бинад андар банд.
Панд гир аз масоиби дигарон,
То нагиранд дигарон ба ту панд!
Наравад мурғ сӯи дона фароз,
Чун дигар мурғ бинад андар банд.
Панд гир аз масоиби дигарон,
То нагиранд дигарон ба ту панд!
В-ин саъодат ба рӯзи бозу нест,
То набахшад Худои Бахшанда!
Онро, ки ту Раҳбарӣ, касе гум накунад,
В-онро, ки Ту гум кунӣ, касе раҳбар нест!
Ғаме, к-аз паяш шодмонӣ барӣ,
Беҳ аз шодие, к-аз пасаш ғам хӯрӣ!
Гарат хӯйи ман омад носазовор,
Ту хӯйи неки хеш аз даст магзор!
Наъузу биллоҳ, агар халқ ғайбдон будӣ,
Касе ба ҳоли худ аз дасти кас наёсудӣ!
Рӯзе, бинӣ, ба коми душман
Зар мондаву хоксор мурда!
Заъифонро макун бар дил газанде,
Ки дармонӣ ба ҷаври зӯрманде!
Ҳазорбора чарогоҳ хуштар аз майдон,
Валекин асп надорад ба дасти хеш инон!
«Бадонро нек дор, эй марди ҳушёр,
Ки некон худ бузургу некрӯзанд».
Он, ки ҳазз офариду рӯзӣ дод,
Ё фазилат ҳамедиҳад ё бахт!