
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.
Абулқосим Фирдавсӣ
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.
Абулқосим Фирдавсӣ
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омузу рой.
Зи осонӣ наёяд шодкомӣ,
Зи беранҷӣ наёяд некномӣ.
Китоб аз даст додан сустроист,
Ки ағлаб хӯйи мардум бевафоист.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Зи ҳар кас ки номе дар айём монд,
Чӣ ғам, гар бимирад, к-аз ӯ ном монд.
Диловарӣ зи ҳушёр будан бувад,
Диловар сазои сутудан бувад.
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз.
Пирон сухан ба таҷриба гӯянд, гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун.
Як замон кор аст, бигзору битоз,
Кори кӯтоҳро макун бар худ дароз!
Чу роҳе гирифтӣ, марав бе рафиқ,
Ки аввал рафиқ аст в-он гаҳ тариқ.